Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷавонеро бо гуноҳи ба қатл расонидани падараш боздошт намуд.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Суғд 14-уми октябр дар барномаи телевизионӣ гуфтааст, ин падару писар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекарданд.
Падару писар дар ҳолати мастӣ бо ҳам ҷанҷол карданд ва писари 34-сола падари 67-солаашро кушта ба ҳавз партофтааст. Худи ҷавон дар наворе мегӯяд, ки барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасади падарашро ба ҳавз партофт.
Мақомот гуфтанд, писари марди кушташуда боздошт ва алайҳаш бо гуноҳи куштор парванда боз шудааст. Ба ин мард то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Блоки рекламавӣ



