Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми августи соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад ҷавоҳироти тиллоӣ ва 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь