Ҳамидов Обид сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ҳаҷми махсусан калон, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шабона вориди мағозаи хуроквории “Пойтахт Премиум”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни хуроквориро дуздидааст. Дар натиҷа, бо ин кирдори ҷиноятии худ ба соҳибмулк зиёда аз 113-ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидааст.
Нисабти Ҳамидов О., чораи пешгирӣ дар намудаи ҳабси пешакӣ татбиқ гардида, оид ба кирдорҳои ҷиноятии номбурда, тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь