Имрӯз зимни нишасти хабарӣ ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Ибодзода Заррина аз истеҳсоли маводи доругии ватанӣ гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони кафедраи технологияи фармасевтӣ ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фармасевтӣ ва иттилооти фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои фарматсевтии ватанӣ 7 номгуй маводи доругӣ дар заминаи моддаҳои фаъоли биологӣ коркард намуда, онро ба истеҳсолот ворид кардаанд. Ин мавод креми « Феруосин» Сrеm «Feruosin ҶДММ ”МЛМ-Фарм”,
қиёми моеъи Н-VITI. ҶДММ”МЛМ-Фарм”, гулоби “Садбарги димишқӣ”, гулоби “Пудина”, гулоби “Косни”, гулоби “Янтоқ”, оби ғураи ангур, ки ҳама ба ҶДММ “Тоҷ Табиб Дору Роз” тааллуқ доранд, ҳастанд.
Саодати Абдукарим