Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд падари як навраси ёздаҳсоларо бо гуноҳи беэътиноӣ ба таълиму тарбияи ӯ ҷарима кард.Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки ин наврас ҳангоми моҷаро ба сари ҳамсинфаш ба санг зада, ӯро маҷрӯҳ намуд.
Додгоҳ гуфтааст, ки ҳарду дар мактаби миёнаи рақами 14 дар шаҳри Гулистон таҳсил мекунанд.
Дар Тоҷикистон бар асоси қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, волидон вазифадоранд, ки аз ҷумла аз “рафтори дағалонаи фарзанд дар кӯча, истифодаи суханҳои қабеҳ, халалдор кардани оромии ҷомеа” пешгирӣ кунанд.
Ба қавли Додгоҳи шаҳри Гулистон азбаски беназорат гузоштани наврас сабаби “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахси дигар шуд” падари кӯдакро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1500 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар ҷарима кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь