Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат»-ро ба истифода доданд.
Корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ мебошад. Фаъолияти он ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ, лавозимот барои воситаҳои нақлиёт, маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пластмасса, инчунин маснуоти фулузӣ, ки бо технологияи кӯфтан омода мешаванд, равона гардидааст.
Рангҳои сохтмонии корхона аз 24 намуд иборат буда, дар зарфҳои пластмассӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 килограмм банду баст мешаванд. Рангҳои алкидӣ низ аз 9 намуд иборат буда, аз 40 номгуи ранг дар зарфҳои тунукагӣ бо ҳаҷмҳои 0,8 то 20 килограмм истеҳсол мегардад.
Хокаҳои хушки сохтмонӣ дар корхонаи мазкур 9 намуд омода шуда, дар халтаҳои қоғазии 25-килограмма бастабандӣ мешаванд. Ҳамаи маҳсулот тибқи меъёрҳои давлатӣ истеҳсол гардида, аз назорати қатъии сифат дар корхона мегузаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь