Зимни баргузор намудани чорабниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 16-уми октябри соли 2025 дар бустонсарояш воқеъ дар минтақаи истироҳатии осоишгоҳи шаҳри Гулистон ба ҷавони 20 ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Зафаробод барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш ҳамчун мукофот аз онҳо ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Инчунин гумонбаршаванда 22-юми октябри соли 2025, дар бустонсарояш ба ҷавони 20-сола ва зани 41-солаи сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш ҳамчун мукофот маблағи пули ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



