Нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Гули Зард (Гулӣ Зардова) дар синни шасту ду солагӣ аз дунё даргузашт. Мавсуф солиёни зиёде дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла “Чархи гардун”, СССР фаъолият дошт.
Зиёд ба сафарҳои хидматӣ мерафт ва аз рӯзгори тоҷикони муҳоҷир менавишт. Тарҷумони мумтоз ҳам буд ва ба забони русӣ ҳам қиссаҳои ҷолиб меофарид. Муаллифи чанд китоби насру назм аст. Солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои даҳуми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд.
Намози ҷанозааш дар назди хонааш дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фидавсӣ доир гардид.
Аз редаксия: Редаксияи “Фараҳ” аз марги бармаҳали Гули Зард сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандонаш изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд. Равонат шод бод бонуи хушгуфтору меҳрубон!



