Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путинро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин дар Тоҷикистон аз 8 то 9 октябр идома ёфта, музокирот дар қолабҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ доир мешавад. Имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар назар аст.
Блоки рекламавӣ



