Ҳайати намояндагони Русия барои гуфтушунид бо ҷониби Украина ба Истамбул омадааст. Ба он ёвари президенти Русия Владимир Мединский роҳбарӣ менамояд. Имрӯз бояд  даври сеюми гуфтушунид бо ҷониби Украина баргузор шавад.

Дар ин бора оҷонсиҳои иттилоотии “Новости” ва “Интерфакс” хабар додаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳайати украинӣ, ки онро котиби Хадамоти амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Рустамм Умаров роҳбарӣ мекунад, айни замон дар шаҳри Анқара аст. Дар ин шаҳр мулоқоти музокиракунандагони украинӣ бо президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон баргузор мешавад.

Музокироти Русия ва Украина бошад дар шаҳри Истамбул соати 19: 00 – бегоҳ ба нақша гирифта шудааст.

“Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь