Доналд Трамп, Президенти Амрико ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ ҷанги Эрон ва дурнамои сулҳ дар Украинаро баррасӣ намуданд.
Ин гуфтугӯ чанд соат пас аз ҳушдори Президенти Русия дар бораи хатари буҳрони энергетикӣ барои иқтисоди ҷаҳон доир шуд.
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон боиси болоравии шадиди нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.
Дар пайи баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз, тавлидкунандагони нафт дар Халиҷ истихроҷи нафтро коҳиш доданд.
Ба гуфтаи ҷониби Русия, раҳбарон пешниҳодҳои Маскавро барои хотимаи зуди низоъ дар Эрон, вазъ дар Украина ва бозори ҷаҳонии нафт баррасӣ кардаанд.
Блоки рекламавӣ



