Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки ӯ ва Владимир Путин пас аз гуфтугӯҳое, ки наздик ба се соат дар Аляска идома кард, ба созише барои поён додан ба ҷанги Украина даст наёфтанд. Ӯ ҳамзамон ин мулоқотро “бисёр созанда” хонд.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо раисҷумҳури Русия гуфт, “пешрафти олӣ” ба даст омад, аммо “комилан ба натиҷа нарасидаем” ва ҳеҷ созише барои поён додан ба ҷанги Кремл алайҳи Украина ба даст наомадааст.

Президентҳои ду кишвар тақрибан ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи бораи ончӣ дақиқан мавриди созиш қарор гирифт ё мавриди ихтилоф будааст, ироа накардаанд.

Трамп дар ин бора гуфт, “мавзуъҳои зиёде буд, ки бар сари он созиш кардем. Метавонам бигӯям чанд мавзуи муҳим вуҷуд дошт, ки ҳанӯз ба натиҷа нарасидаем, аммо пешрафтҳое ҳосил шудааст. Бинобар ин, то вақте, ки ба тавофуқе даст наёфта бошем, созише дар кор нест”.

Раҳбарони Амрико ва Русия ҳар кадом чанд дақиқа дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат карданд ва ба ҳеҷ пурсише посух надоданд.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, пас аз дидор бо Путин, тамосҳое бо НАТО, раисҷумҳури Украина ва дигар раҳбарони аврупоӣ хоҳад дошт. Ӯ афзуд, “мехоҳам чанд тамоси телефонӣ бигирам ва ба онҳо бигӯям, чӣ рух дод”.

Владимир Путин низ дар ин нишасти хабарӣ умедворӣ кард, ки созишҳои ба дастомада дар дидори ӯ бо раисҷумҳури Амрико битавонад оғози ҳалли муноқишаи Украина ва барқарор кардани робитаҳо байни Русия ва ИМА бошад.

Раисҷумҳури Русия бидуни ишора ба ҷузъиёт, аз “тафоҳум” бо Трамп дар бораи ҷанг сӯҳбат кард ва гуфт, умедвор аст Украина ва муттаҳидони аврупоияш барномаро “нобуд” накунанд.

Ӯ гуфт, Маскав ҳамчунон исрор дорад ба ончӣ “решаҳо”-и даргирӣ бо Украина хонд, расидагӣ шавад. Ин такрори мавзеи Кремл барои поён додан ба хостаҳои Украина барои узвият дар НАТО аст.

Аммо ӯ ҳамчунин афзуд, ки “амнияти Украина низ бояд замонат дода шавад”. Путин гоҳ-гоҳ ҳаққи мавҷудияти Украинаро зери суол мебарад.

Мақомоти Украина ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз дар ин маврид ибрози назар накардаанд. Нишасти хабарии муштараки Трамп ва Путин дар бештари ин пойтахтҳо пас аз нимашаб ба поён расид.

Президентҳои Амрико ва Русия рӯзи ҷумъа дар Аляска дар мулоқоти таърихӣ бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳалли эҳтимолӣ барои поён додан ба ҷанги 42-моҳаи Русия алайҳи Украина, гуфтугӯ карданд.

Дар нишасти ду кишвар, вазири корҳои хориҷӣ ва намояндаи вижаи Амрико дар паҳлӯи Трамп буданд ва аз тарафи муқобил вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири умурии хориҷии Русия, Владимир Путинро ҳамроҳӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь