Хадамоти матбуотии Президенти Руссия хабар додааст, ки сарвари ҳукумати Арманистон дар бораи мулоқоти худ бо президентҳои ИМА Ва Озарбойҷон Доналд Трамп ва Илҳом Алиев дар кохи “Сафед” маълумот дод.
Владимир Путин аҳамияти қадамҳои мусоидат ба таъмини сулҳи устуворро миёни Ереван ва Бокуро махсус қайд кард. Омодагии ҷониби Руссия барои мусоидат ба созишномаҳои сеҷониба дар сатҳи олии солҳои 2020-2022 барои ба эътидол овардани муносибатҳои Арманистону Озарбойҷон, аз ҷумла алоқаи коммуникатсионии нақлиетӣ дар минтақа дастгирӣ карда шуд”, — омадааст Дар хабарномаи Кремл. Президенти Руссия ба сарвазири Арманистон дар бораи натиҷаҳои мулоқоташ бо фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф ва омодагӣ ба мулоқот бо Доналд Трамп дар Аляска хабар додааст. Никол Пашинян қадамҳои ҳалли осоиштаи бӯҳрони Украинаро истиқбол кард.Ҳамчунин ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ гардид.



