Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2026-ро эълон кард.
Соҳибкорзанон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро метавонанд амалӣ кунанд.
200 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро амалӣ кунанд.
Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.
Грантҳо ба маблағи 40 000, 50 000, 60 000, 70 000, 80 000, 90 000, 100 000 ва 110 000 сомонӣ барои 200 нафар занон мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3 ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрел идома меёбад.
Дар ҳолати нопурра будани ҳуҷҷатҳо лоиҳа аз тарафи кумита қабул карда намешавад ва ҳангоми дар озмун ғолиб нагардидан ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь