Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми сентябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазору 500 сомониро ташкил медодааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ҳамин шаҳр содир карда будааст.
Инчунин гумонбаршаванда 19-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи хоҷагии деҳқониаш, як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ВКД ҶТ хабар додаанд.

Говдуздӣ дар Ваҳдату Ҷомӣ
Блоки рекламавӣ


