Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Лахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми ноябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахши болои ноҳияи мазкур як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дошт, дуздида ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь