Икромиддин Сареъ, фармондеҳи пулиси вилоятҳои Тахор ва Бағлон дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ва аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Толибон, шаби гузашта бар асари тирандозӣ дар назди дафтари кориаш дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, кушта шудааст.
Манбаъҳои наздик ба ӯ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон марги ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Икромиддин Сареъ ва яке аз ҳамроҳонаш кушта шуданд ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Генерал Сареъ пас аз сарнагунии низоми пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани Толибон ба Эрон рафт ва дар онҷо барои низомиёни пешин додхоҳӣ мекард.
Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳукумати Толибонро муттаҳам ба террори ӯ кардааст. Ҳукумати Толибон то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь