Даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар гурӯҳи С байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Камбоҷа рӯзи 22 сентябр дар Қасри теннис доир шуд.Бозӣ бо пирӯзии бузурги дастаи мо – 7:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи мунтахаби мо Умед Қузиев дубл кард. Фирӯз Бекмуродов, Идрис Алӣ, Нусратшо Исмоилов, Муҳаммадҷон Шарипов ва Самандар Ризомов боз як гол ба ҳисоби худ сабт карданд.
Гурӯҳи “C”. Даври дуюм
Камбоҷа – Тоҷикистон-1:7
Голҳо: Самандар Ризомов, 5 (0:1). Идрис Алӣ, 8 (0: 2). Нусратшо Исмоилов, 10 (0: 3). Кео Якҷоя, 12 (1: 3). Умед Қузиев, 18 (1: 4). Муҳаммадҷон Шарипов, 27 аз пеналти (1: 5). Фирӯз Бекмуродов, 35 (1: 6). Умед Қузиев, 39 (1: 7).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Умед Қузиев (Тоҷикистон).
22 сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва варзиши обӣ. 2045 тамошобин.

Футзал: Тоҷикистон – Камбоҷа 7:1!
Блоки рекламавӣ


