4 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал доир мегардад.
Барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» қувва меозмоянд.
Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз соли 2019 ба роҳ монда шудааст ва ҳар сол байни чемпиони мамлакат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад.
Аввалин бор ин мусобиқа соли 2019 баргузор гардида, дастаи «Сипар» пирӯз шуд. Солҳои минбаъда «Соро компания» ва «Истиқлол» бештар аз дигарон ба финали Суперҷом роҳ ёфтааанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь