Се футболбози дигари эронӣ дар мавриди пурсидани паноҳгоҳ дар Австралия фикрашонро дигар карданд. Дар Эрон гуфтанд, ки онҳо ба “оғӯши гарми оилаҳо ва ватан” бармегарданд. Се футболбози эронӣ аз шаш нафар, ки пас аз мусобиқа дар Австралия монда буданд ва дар он ҷо паноҳгоҳ гирифтанӣ буданд, қарор доданд, ки ба хона баргарданд.
“Шабона се иштирокчии дастаи мунтахаби занонаи футболи Эрон тасмим гирифтанд, ки ба қисми боқимондаи даста дар роҳи бозгашт ба Эрон ҳамроҳ шаванд”, — гуфта мешавад дар изҳороти вазири корҳои дохилии Австралия Тони Берк.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз он ки футболбозон ба мақомоти Австралия дар бораи қарори худ хабар доданд, ба онҳо борҳо пешниҳод карда шуд, ки имконоти худро муҳокима кунанд.
Агентии давлатии Эрон Tasnim акси футболбозонро нашр кард. Номҳои онҳо (Мона Ҳамудӣ, Зӯҳро Сарбалӣ ва Зӯҳро Мошкекар будааст. Оҷонсӣ навиштааст, ки онҳо “пешниҳоди ҷалбкунанда ва сиёсишудаи Австралия” – ро рад карда, ба “оғӯши гарми оилаҳо ва ватани худ” бармегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь