9 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозии худро таҳти сармураббии нав Горан Стевановичи сербӣ анҷом медиҳад.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, дастаи Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» бо тими Малдив қувва меозмояд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 октябр таҳти роҳбарии сармураббии нав Горан Стеванович нахустин тамринҳоро ба поён расонид.
Машқҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, якуним соат идома ёфтанд. Бисту ду бозингар дар тамринҳо иштирок карданд. Фардо дарвозабон Рустам Ятимов ва ҳимоятгар Меҳрубон Каримов ба сафи ҳамдастонашон мепайванданд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев бо сабаби корти зарди зард доштанаш дар бозии аввал ба муқобили тими Малдив иштирок намекунад ва 8 октябр ба ҳайати дастаи миллии мамлакат ҳамроҳ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь