Беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, капитани клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов ба дастаи Олмалиқ (АГМК – Комбинати маъданҳои куҳии Олмалиқ)-и Узбекистон, ки дар Суперлигаи Узбакистон бозӣ мекунад, гузашт.
Футболбоз бо барандаи медали биринҷии чемпионати Ӯзбекистон-2021 бошгоҳи футболи Олмалиқ шартномаи дусола баст.
Алишер Ҷалилов дар аввали соли 2019 фаъолияти касбии худро дар «Истиқлол»-и Душанбе оғоз карда, дар ин муддат якҷо бо даста се маротиба ғолиби Чемпионати кишвар ва Суперҷоми кишвар ва ҳамчунин соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Дар мавсими нахустини ширкати «Истиқлол» дар сабқати гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC дар баромади муваффақи даста саҳми зиёд гузошт.
Аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021 Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.
Сармураббии АГМК футболбози маъруфи узбек Мирҷалол Қосимов мебошад. Дастаро комбинати маъданҳои куҳии Олмалиқ сарпарастй мекунад.
Қаблан «Истиқлол» аз ҳимоятгар Андрей Мишенко, ки низ ба АГМК гузашт, ҷудо шуд буд.



