Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ғолиби Мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026» шуд.
Дар даври ниҳоӣ дастаи мо бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон қувва озмуд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и Юпия доир шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон хатм шуд. Қаблан дар даври аввал дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби 1:0 бурида буд.
Бо ду пирӯзӣ дар ду бозӣ дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол кард.
Блоки рекламавӣ



