Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 18 августи соли 2025 дар даври ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон бо ҳисоби мусовӣ – 3:3 бозӣ кард. Голҳоро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода заданд.
Пештар дар шаҳри Медан дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Индонезия бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда, аз дастаи мунтахаби наврасони Мали бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 аст, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар доир мегардад. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.