FIFA ҳайати сабадҳои Ҷоми ҷаҳон-2026-ро маълум кард, ки дастаҳои мунтахаб ба таври зерин ба сабадҳо тақсим шудаанд:

Сабади 1: Канада, Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (мизбон), Испания, Аргентина, Фаронса, Англия, Бразилия, Португалия, Нидерландия, Белгия, Олмон

Сабади 2: Хорватия, Марокаш, Колумбия, Уругвай, Швейтсария, Ҷопон, Сенегал, Эрон, Ҷумҳурии Корея, Эквадор, Австрия, Австралия

Сабадаи 3: Норвегия, Панама, Миср, Алҷазоир, Шотландия, Парагвай, Тунис, Соҳили Кот-д’Ивуар, Ӯзбекистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Африқои Ҷанубӣ

Сабади 4: Урдун, Кабо-Верде, Гана, Кюрасао, Гаити, Зеландияи Нав, ғолибони плей-оффи Аврупо (гурӯҳҳои A, B, C, D) ва ғолибони даврҳои якум ва дуюми плей-оффи байниқитъавӣ.

Ҳангоми ташкили гурӯҳҳо, аз ҳар сабад як даста интихоб карда мешавад, ки 12 гурӯҳи чордастаро ташкил медиҳад. Дастаҳои як конфедератсия дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам бозӣ нахоҳанд кард, ба истиснои UEFA, зеро аз Аврупо беш аз 12 даста ширкат мекунанд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои аввал ва дуюмро ишғол мекунанд ва ҳашт дастае, ки дар байни ҷойҳои сеюм беҳтарин натиҷаҳоро ба даст овардаанд, ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.

Қуръакашӣ 5-уми декабр дар дар Вашингтон баргузор мешавад. Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь