“Корпоратсияи Кореяи Ҷанубӣ Incheon расман аз мақомоти Ӯзбекистон ҳуқуқи идоракунии фурудгоҳи байналмилалии Урганҷро гирифт. Созишномаи дахлдор 15 октябр дар Тошканд ба имзо расид”, – хабар додааст Хадамоти матбуоти Ширкати Uzbekistan Airports.
Ҳуҷҷатро дар ҳузури вазири нақлиёти ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Махкамов сардори раёсати Uzbekistan Airports Ҷавлонбек Умархоҷаев, Президенти Incheon Corporation Ли Хаг Ҷе (Lee Hag-jae) ва директори фурӯдгоҳи Урганҷ Ойбек Маткаримов имзо кардаанд. Созишномаи шарикии давлатӣ-хусусӣ инчунин татбиқи лоиҳаи навсозии фурудгоҳи ҳавоиро пешбинӣ менамояд. Сармоягузори хориҷӣ бояд сохтмон ва идоракунии терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ, аз ҷумла хидматрасонии заминӣ ба иншоотро таъмин кунад. Ғайр аз он, ширкат аз Кореяи Ҷанубӣ маҷмааи фурудгоҳ – хати парвоз ва фуруд ва перрон месозад.
Тавре Умархоҷаев гуфт, ин ҳамкорӣ дар рушди инфрасохтори фурудгоҳи Ӯзбекистон саҳифаи нав мекушояд.
“Таҷрибаи ҳамкорони Кореяи ҷанубӣ барои татбиқи технологияҳои пешрафта, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва таҳкими иқтидори транзитии кишвари мо заминаи мустаҳкам хоҳад буд”, — таъкид кардааст сардори раёсати Uzbekistan Airports.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ хабар дода шуда буд, ки арзиши лоиҳаи навсозии фурудгоҳи Урганҷ 223 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Тибқи маълумоти роҳбарияти ширкати Incheon, пас аз таҷдиди он, ки дар соли 2027 пурра ба нақша гирифта шудааст, иқтидори интиқоли фурӯдгоҳи ҳавоӣ беш аз се маротиба то 1300 мусофир дар як соат афзоиш меёбад. Дар баробари ин, дар ин фурудгоҳ метавонанд ҳавопаймоҳои Boeing 747 ва Airbus A350 қабул кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь