Дар фурудгоҳи Душанбе Хати зимомии нав бо дарозии 1,5 км ва пахноии 60 метр сохта мешавад, гуфтааст котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тасмим гирифтааст зиёда аз 250 ҳазор метри мураббаи хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳро таъмиру мумфарш кунад: “Бо ба инобат гирифтани афзоиши хатсайрҳо дар ояндаи наздик Фурудгоҳ азм намудааст илова ба 24 таваккуфгоҳи мавҷуда, боз барои зиёд намудани иқтидори қабули ҳавопаймоҳои калонҳаҷм 10 таваққуфгоҳи иловагӣ – ҷойи исти ҳавопаймоҳо бунёд намояд”, – илова намудааст Ҷамила Ҳусейнова. Дар баробари сохтмони таваққуфгоҳҳои нав инчунин дар фурудгоҳ хатти зимомии нав бо дарозии 1,5 км ва пахноии 60 метр сохта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь