Владимир Зеленский метавонад то рӯзи шукргузорӣ, 27 ноябр созишномаи сулҳро имзо кунад. Маҳз чунин иқдомро аз Президенти Украина дар ИМА интизор ҳастанд”, – менависад The Financial Times.Тибқи маълумоти манбаъҳои нашрия, қадами навбатии Вашингтон фиристодани созишномаи сулҳ барои баррасӣ ба Маскав аст. “Нақшаи амрикоиҳо то моҳи декабр ба анҷом расонидани созишномаи сулҳ аст”, – хабар медиҳад RTVI.
Аммо, тавре ки FT менависад, дар ин муддат тарафҳо эҳтимолан ҳуҷҷатро имзо намекунанд, зеро муқаррароти алоҳидаи нақша барои Украина ғайри қобили қабуланд.
Шоми 20 ноябр Расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Вашингтон лоиҳаи шартномаи сулҳро, ки аз 28 банд иборат аст, ба Киев барои баррасӣ супоридааст. Тибқи гуфтаи нашрияҳо, шартҳои он оташбаси фаврӣ ва баровардани қувваҳои мусаллаҳро ба мавқеъҳои пешакӣ муайяншуда, фавран пас аз имзо дарбар мегиранд. Тавре ки Axios қайд мекунад, Зеленский изҳори омодагӣ кард, ки ин созишномаро дар муддати кӯтоҳтарин ба имзо расонад.
Созишномаи сулҳ 28 муқарраротро дарбар мегирад. Дар байни онҳо ӯҳдадории Украина барои даст кашидан аз узвият дар НАТО, баргузории интихобот дар кишвар пас аз 100 рӯзи бастани шартнома, пурра бекор кардани ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ нисбати Руссия, инчунин эътирофи Қрим, вилоятҳои ЛУГАНСК ва Донетск чун қаламравҳои Руссия аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь