Ғолиби озмуни байналмилалии зебоии “Зебосанами дунё” Фотима Бош аз Мексика шуд. Дар ин бора нашрияи The Philippine Star хабар медиҳад. Тоҷи зеботарин духтари ҷаҳонро соҳиби унвони “Зебосанами дунё -2024”, шаҳрванди Дания Виктория Тейлвиг ба Фотима супорид. Ҷойи дуюмро намояндаи Таиланд гирифт. Ҷойҳои сеюм, чорум ва панҷум ба намояндагони Венесуэла, Филиппин ва Кот-Дивуар дода шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо эълони 30 финалист оғоз ёфт. Аксари иштирокчиён аз Ҳиндустон, Гваделупа, Чин, Таиланд, Ҷумҳурии Доминикан, Бразилия, Руанда, Кот-Дивуар, Колумбия, Нидерландия, Куба, Бангладеш, Ҷопон, Пуэрто-Рико, ИМА, Мексика, Филиппин, Зимбабве, Коста-Рика, Малта, Чили, Канада, Хорватия, Парагвай, Венесуэла, Гватемала, Фаластин, Никарагуа ва Фаронса ҳастанд. Намояндаи Русия Анастасия Венза, ки қаблан дар озмуни либосҳои миллӣ ноком баромад карда буд, ба топ-30 финалист дохил нашуд.

Фотима зеботарин бонуи ҷаҳон шуд
Блоки рекламавӣ


