Соли оянда мардуми ноҳияи Мастчоҳ 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзинро таҷлил хоҳанд кард. Барои дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ин ҷашн корҳои бисёре амалӣ гардида истодаанд.
Бо ҳадафи арҷгузорӣ ба заҳмату матонати мардони ободгар, ки бо меҳнати тоқатфарсо ва иродаи қавӣ дили замини ташналаби Дилварзинро зинда карданд, ҳайкалтароши маъруфи ноҳия Асрори Аҳрор лоиҳаи рамзи «Фотеҳони дашти ташналаби Дилварзин»-ро омода намудааст.
Дар ин лоиҳа симои пирамарди меҳнаткаше таҷассум ёфтааст, ки рандаро дар даст дошта, як пояш дар лаби ҷӯй ва пои дигараш бо зонуи хамшуда бар болои санг устувор истодааст. Як дасташро ба боло бардошта, гӯё мужда медиҳад аз омадани обе, ки рӯҳ ва ҷон ба дашти ташналаби Дилварзин мебахшад.
Тасвири пешниҳодшуда на танҳо як образ, балки рамзи зиндаи таърихи заҳматҳои мардони фидокору ободкори Мастчоҳ аст, ки бо саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва бо дастони пуробилаи худ замини беобро ба боғу киштзорҳои сабзу шукуфон табдил доданд. Ин рамз аз иродаи қавӣ, меҳнати содиқона ва иттиҳоди мардум барои ободии диёр шаҳодат медиҳад.
Таъкид бояд кард, ки ин танҳо як пешниҳоди ибтидоӣ аст ва то ҳол ҳамчун варианти ниҳоӣ пазируфта нашудааст. Эҳтимол меравад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ озмун эълон намоянд, то ҳунармандон ва эҷодкорон тарҳҳои гуногуни рамзи «Фотеҳони дашти ташналаби Дилварзин»-ро пешниҳод кунанд ва аз миёни онҳо беҳтарин нусха интихоб гардад. Дӯстон чӣ назар доранд?
Фитрати Ҳикмат



