Аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Форум бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи минтақавии ҳамоҳангсоз оид ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Ҷамъияти олмонии ҳамкорӣ дар самти байналмилалӣ ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани хавфи офатҳо мегузарад.
Дар кори форум роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз панҷ кишвари минтақа — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони хадамоти гидрометеорологии миллӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳаи коҳиши хавфи офатҳо ширкат мекунанд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар самти пешгирӣ, омодагӣ ва посух ба ҳолатҳои фавқулода, мубодилаи таҷриба ва беҳбуд бахшидани иқтидори сохторҳои дахлдор барои коҳиши талафот ва зарарҳои эҳтимолӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь