Шабонарӯзи гузашта аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду муайян карда шуд.
Аз ҷумла, кормандони Шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт, зимни машғул шудан ба фолбинӣ шаҳрванд Шуляк Тамара, сокини 63-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Номбурда муддати тулонӣ ин амали нангинро пешаи худ намуда, онро василаи ба даст овардани манфиати молиявӣ табдил додааст.
Ҳамчунин, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Алмамадов Гулмамадро низ ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намуданд.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6-ҳазор сомонӣ таъин карда шуд.

Фолбинон ба даст афтоданд
Блоки рекламавӣ


