Кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ шаҳрванд Холмуродова Ҳабиба, сокини 68-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки ба фолбинӣ машғул буд, дастгир намуданд. Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки номбурда муддати тӯлонӣ фолбиниро пешаи худ қарор дода, бо истифода аз ашёҳои гуногун амалҳои ба истилоҳ сеҳргариро анҷом медодааст.
Аз ҷумла, ҳангоми дастгир намудан, ӯ шаҳрванд Каримова Насиба, сокини 42-солаи шаҳри Душанберо фолбинӣ мекард.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Холмуродова Ҳ. барои машғул шудан ба фолбинӣ тибқи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба маблағи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6-ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин гардид.
Ҳамзамон нисбати Каримова Н. низ барои муроҷиат намудан ба фолбин тибқи моддаи 482 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.
Бори дигар шаҳрвандон таъкид карда мешаванд, ки аз муроҷиат ба фолбинон қатъиян худдорӣ намуда, барои пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь