Зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, як ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва анҷом додани амалҳои марбут ба сеҳру ҷоду ошкор карда шуд.
Дар ҷараёни санҷиш шаҳрванд Одинаев Муродалӣ, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, дастгир гардид. Тавре муайян шуд, номбурда бо истифода аз ашёҳои гуногун, аз ҷумла сузану ришта, шамъ, қанди сафед, ҳазориспанд, намак, чойи хушк, об ва қулфу калид ба анҷом додани амалҳои сеҳру ҷоду машғул буда, бо ин роҳ аз шаҳрвандон манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Одинаев Муродалӣ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи қарори суд ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардид.
Блоки рекламавӣ



