Чоруми сентябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Тулибоев Раҳимҷон Рустамович сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Конибодом дар рӯ ба руи ошхонаи «Шамсиддин», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Тоҳиров Бозорбой Исхоқович, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуд.
Дар натиҷа пиёдагард Тоҳиров Б.И. аз ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс -906 КА», Бобоев Эркинҷон Нуруллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чимкурғони шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ронандаи дучархаи барқӣ, ноболиғ Баҳриддинзода Фарангиз Комилҷон, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Баҳриддинзода Ф. К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.Дар ин маврид Хадамоти матбуоти ВКД хабар додааст.

Фоҷиа дар Конибодому Панҷакент
Блоки рекламавӣ


