Собиқ сардори шӯъбаи ташкилии Ҳукумати Исфара Искандар Шафеиён, ҳамсараш, духтарчааш ба таври мармуз баъди хӯроки шом даргузаштанд. Модари Искандар ва фарзандони дигараш дар шӯъбаи эҳё бистарианд.
Айни замон бародари Искандар бо нияти овардани ҷасади азизонаш ба деҳаи Вешисти ноҳияи Панҷекат талош дорад. То ба ҳанӯз сабаби аслии фоҷиа маълум нест, ки аҳли ин оила аз чӣ заҳролуд шудаанд.
Номи Искандар Шафеиён ҳангоми муноқишаҳои наздисарҳадӣ ба сархати расонаҳо афтод. Искандар дар ин моҷаро тир хӯрда буд ва муддати шаш моҳ бештар дар шӯъбаи эҳё, зери дастгоҳи нафаси сунъӣ буд. Баъди аз бистари беморӣ бархостан, муддате ба ҳайси Сардори шӯъбаи ташкилии Ҳукумати шаҳри Исфара фаъолият дошт. Соли охир ба қавли ҳамсоягонаш бекор буд.
Блоки рекламавӣ



