Бонки миллии Тоҷикистон меъёри баҳра ё фоизи қарзҳо дар моҳи январи имсолро нашр кардааст.
Меъёри миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ феълан 23,87 дарсад аст. Баҳраи қарзҳои истеъмолӣ каме болотар ва 24,39 дарсад.
Фоизи солонаи қарзҳои ипотекӣ барои хариди манзил 19,69 дарсад нишон дода шудааст. Ҳамчунин Бонки миллӣ мегӯяд, баҳраи миёнаи пасандоз дар бонкҳои кишвар каме бештар аз 12 дарсад мебошад.
Омори ахири Бонки миллӣ нишон медиҳад, ки баҳраи миёнаи қарзҳо қариб 24 дарсад аст.
Тибқи омори расмӣ, бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан 25 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Тақрибан 30 дарсад ё 5,6 миллиард сомонӣ бештар нисбат ба соли гузашта.
Блоки рекламавӣ



