Фирӯз Паллаев, овозхон ва фарзанди ҳунарманди шинохта Душанбе Паллаев даргузаштааст.
Нобовар Чаноров, раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Шамс” ва аз дӯстону наздикони овозхо ин хабарро тасдиқ кард.
Ӯ гуфтааст, ки Фирӯз субҳи сешанбе каме нотоб шуда, ба дармонгоҳи рақами сенздаҳи Душанбе рафтааст ва дертар дучори сактаи қалбии шадид шуда, ҷон ба ҷонофарин супоридааст.
Ҳоло, ба гуфтаи Нобовар Чаноров, пизишкон сабабҳои фавти овозхонро дақиқ мекунанд.
Фирӯз Паллаев овозхони дастаи “Сарез” буд ва бештар бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ таронаҳои эстрадӣ иҷро мекард.
Чанд суруди падарашро, ки бештар дар сабкҳои мардумӣ ва суннатии Бадахшон буданд, низ ба тарзи нав ва сабкҳои муосир бозхонӣ намудааст.
Маросими видоъ ва дафни Фирӯз Паллаев рӯзи 17-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад.

Фирӯз Паллаев дар синни чилу панҷ аз дунё даргузашт
Блоки рекламавӣ


