Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи майи соли 2025, “Маҳмуд” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 ҳазору 300-адад халтаи биринҷ, ки арзишашон 278 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро пардохт накардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



