“Афзоиши якбораи нархи ҷаҳонии нафт дар пасманзари ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон ба буҷаи Русия дар як рӯз тақрибан 150 миллион доллар даромади иловагӣ меорад”, – менависад The Financial Times бо истинод ба ҳисоби таҳлилгарони соҳа.
Онҳо тахмин мезананд, ки то охири моҳи март ҳукумати Русия метавонад дар маҷмӯъ 3,3-4,9 миллиард даромади иловагӣ ба даст орад, агар нархи миёнаи нафти Русия 70-80 барои як баррел бошад. Дар моҳи феврал нархи миёнаи нафти Русия тақрибан 45 доллар барои як баррел буд.
Ба ақидаи Сумита Ритолия, таҳлилгари пешбари ширкати Kpler, ки ба бозорҳои ашёи хом тахассус дорад,, маҳз Русия дар ҷанги нав дар Шарқи наздик “ғолиби асосӣ” хоҳад шуд.
“Ва ин танҳо оғози бузургтарин бӯҳрони энергетикӣ дар таърих аст”, — навиштааст Намояндаи махсуси президенти Русия Кирилл Дмитриев дар шабакаи иҷтимоӣ дар шарҳиин мақолаи нашрияи FT.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь