Филми истеҳсоли муштараки Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ба навор гирифта шудааст. Ба ҳайати ҳунармандон гурӯҳи ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик, яъне Бобак Каримӣ, Ҳастӣ Муҳаммай, Кибриё Дилёбова ва Бежан Давлат дохил мешаванд. Дар ин бора рӯзи 29 сентябр сайти https://www.hollywoodreporter.com/ хабар додааст.
Ба навиштаи ин расона, драмаи детективии дар Тоҷикистон наворгиришуда “се қиссаи аз ҳам ҷудоро бозгӯӣ менамояд, ки дар як моҷарои асроромезе ба ҳам мепайванданд”. Ин филм аз номи Тоҷикистон ба қазовати озмуни синамогарони амрикоӣ фиристода шудааст. То имрӯз ин филм ҷоизаи Vision Asian Award-ро дар ҷашнвораи байналмилали Пусан соҳиб шуда, инчунин дар ҷашнвораҳои синамоии Лондон ва Чикаго ба намоиш гузошта мешавад.
“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми чоруми калонҳаҷми Мокрӣ аст. Филмҳои гузаштаи ӯ “Моҳӣ ва гурба” (2013), «Ҳуҷум» (2017), «Ҷинояти бедиққат» (2020) дар ҷашнвораҳои мухталифи ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд. Филми охиринаш барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Чикаго гардидааст.

Филми Шаҳроми Мокрӣ аз номи Тоҷикистон ба ҷоизаи “Оскар” пешниҳод шуд
Блоки рекламавӣ


