Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Cозмони ҳамкории Шанхай «Камелияи тилоӣ» дар Чунсин бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд.

6 июли соли 2025 дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими тантанавии пӯшидашавии Синамочашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Камелияи тиллоӣ» баргузор гардид. Дар барномаи озмунӣ муассисаи давлатии «Точикфилм» ду филми ҳунариро пешниҳод намуд:

«Дар талоши ҳақиқат» бо коргардонии Манзарали Шералӣ ва «Зиндагӣ зебост» бо коргардонии Далер Раҳматов.

Барномаи ғайриозмуниро намоишҳои филмҳои ҳунарии зерин оро доданд:

«Охирин сайди сайёд» бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоил, «Танҳо ту» бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов, «Роҳ» бо коргардонии Носир Саидзода.

Дар фарҷоми озмун филми «Дар талоши ҳақиқат» бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза дараҷаи баланди ҳунарӣ ва саҳми эҷодии синамогарони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.

Ин ҷоиза ба тақвияти нуфузи байналмилалии синамои тоҷик ва рушди равобити фарҳангӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь