Дар занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии иёлоти Пенсилвания дар Амрико, ки сабаб ва иштирокдоронаш расман эълон нашудааст, як ҷавон аз Тоҷикистон осеби сахт бардошт. Муҳаммадазиз Раҳматзодаи 18-сола ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии Шифохонаи кӯдакони шаҳри Филаделфия аст.
Занозанӣ, ба иттилои пулиси Монтгомери, шаби 14-уми август дар назди фурӯшгоҳи WAWA рӯй дод. Бо омадани пулис иштирокдорони занозанӣ фирор карда, танҳо Муҳаммадазиз дар ҳолати беҳушӣ монд. Ӯро бо чархбол ба шифохона расониданд.
Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, фарзандаш шаш рӯз боз беҳуш аст ва дар бахши эҳёгарист:
“Вазъияти писарам вазнин аст. Табибон бояд майнаи ӯро ташхис кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳуҷайраҳои майнаи сар қариб пурра мурдааст. Тавассути хун бояд як моеъро ворид карда, майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не. Муҳаммадазиз ҳанӯз хонандаи мактаб аст ва рӯзи 16-уми сентябр ба синни 19 мерасад. Ҳоло табибон ҳар чизе аз дасташон меояд, карда истодаанд. Умедам танҳо ба мӯъҷиза аз сӯи Худованд аст.”
“Полиси шаҳраки Морленди Поён ҳодисаро фаъолона тафтиш дорад. Агар касе шоҳиди ҳодиса бошад ё дар бораи он маълумот дорад, занг занад,” – гуфта шудааст дар эъломияи полис.
Чанде аз фаъолони тоҷики муқими Амрико, аз ҷумла Беҳзод Исомиддинов, мудири созмони “Тоҷикони Амрико” дар Филаделфия ва Парвиз Ниёзов, блогери тоҷик аз Ню-Йорк, барои аёдат ба шифохона рафтаанд. Онҳо дар ин бора дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь