Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки дар сомонаи расмии ин созмони ҷаҳонӣ нашр шудааст, се зина поин шуд ва бо 1221,78 имтиёз дар байни 211 дастаи мунтахаб ҷойгоҳи 103-юмро гирифт.
Дар ин феҳрист мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1877,32 имтиёз дар ҷойи аввал, мунтахаби Испания, қаҳрамони ҳозираи Аврупо бо 1876,40 имтиёз дар ҷойи дуюм, мунтахаби Аргентина қаҳрамони ҳозираи ҷаҳон бо 1874,81 имтиёз ҷои сеюмро гирифтаанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180 аст. Феҳристи навбатии FIFA 10-уми июни соли 2026 нашр мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь