Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина боло рафт ва бо 1224,93 имтиёз дар байни 211 дастаи мунтахаб дар ҷойи 101 аст.
Дар ин феҳрист Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1877,18 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал мебошад. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1873,33 имтиёз дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1870 имтиёз дар мақоми сеюм аст.
Ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Олмон ва Хорватия шомил мешаванд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ дар зинаҳои баланди феҳристи FIFA Украина (28-ум), Русия (33-юм) ва Ӯзбекистон (50-ум) мебошанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (104-ум), Арманистон (106-ум), Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (127-ум), Эстония (130-юм), Туркманистон (137-ум), Латвия (140-ум), Литва (146-ум) ва Молдова (158-ум) пеш буда, пас аз Украина (28-ум), Русия (33-юм), Ғзбекистон (50-ум), Гурҷистон (73-юм) ва Беларус (99-ум) меистад.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, дар ҷойи ҳабдаҳум мебошад. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) ҳастанд.
Феҳристи FIFA- ро аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб медиҳанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180 аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь