Ин ҷашнвора дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” доир карда мешавад.
Барои баргузории ин чорабинии оммавии варзишӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои миллии варзишӣ, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.
Ба барномаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ гуштигирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, варзиши сабук (давидан ба масофаҳои мухталиф), шоҳмот, бандкашӣ ва ғайра дохиланд.
Блоки рекламавӣ



