Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ояндаи наздик дар Душанбе чорабинии бошукуҳ — Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида мешавад.
Баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ беҳтарин имконият барои гирифтани маълумоту машваратҳои муфид оид ба идоракунии мақсадноки маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷот ва дигар мавзуъҳои муҳимми молиявӣ аст.
Ҳадафи баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ таъмини иҷрои «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» тасдиқ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь