Ба диққати меҳмонону сокинони шаҳри Ҳисор мерасонем, ки дар доираи Симпозиуми байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Руссия, Белорусия, Украина, Англия ва Канада 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 19 сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор ФЕСТИВАЛ НАМОИШИ “ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ” дар назар аст.
Дар Фестивал чорводорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар беҳтарин зотҳои гӯсфанди ҳисориро ба намоиш мегузоранд ва дар доираи Фестивал, бо иштироки ҳунармандони маъруф чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Макони баргузории Фестивал-намоиш: варзишгоҳи “Ҷавони”-и шаҳри Ҳисор
Оғози Фестивал-намоиш: соати 9:00.

Фестивал: Гӯсфанди “зоти ҳисорӣ”
Блоки рекламавӣ


