Фатҳуллоҳ Гулен мутафаккир, олим, собиқ имомхатиби давлатӣ, муаллифи асарҳои зиёд ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи дунёи муосир шоми якшанбе дар синни 83-солагӣ дар Амрико аз дунё даргузашт.
Ба гуфтаи мақомоти Туркия, ӯ кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2016-ро ташкил кардааст. Ӯ соли 1999 пас аз муноқиша бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Туркия ба Амрико рафт. Гулен ҷунбиши ҷамъиятии исломии “Хидмат” ва як шабакаи бузурги донишгоҳҳо ва мактабҳоро дар 160 кишвари ҷаҳон таъсис дод. Ҳангоми дар Иёлоти Муттаҳида буданаш ӯ мақомоти Туркияро танқид кард. Ҳукумати Туркия ба мубориза бо “Хидмат” шуруъ кард.
Дар натиҷа, Эрдуғон “Хидмат”-ро дар ташкили кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки моҳи июли соли 2016 рух дод, муттаҳам кард. Дар натиҷаи задухӯрдҳо беш аз 250 нафар кушта ва беш аз ду ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Зиёда аз 300 кас ба ҳабс гирифта шуданд. Мақомоти Туркия истирдоди Гуленро талаб карданд, аммо ӯ дар ғурбат аз ҷаҳон даргузашт.