Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд, ки бо гумони ришвагирӣ дастгир шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ озод гашт. Ӯ тақрибан се моҳро дар Боздоштгоҳ гузаронид.
Як намояндаи Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 16-уми март бо шарти фош нашудани номаш гуфт, қарори раҳоии Фаррух Мақсудзода рӯзи 6-уми март содир шуд.
“Дар маҷмуъ, бо назардошти рӯзҳои дар ҳабс буданаш, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Бинобар барқарор кардани зарар нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ ва ӯ аз боздошт озод гардид,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Фаррух Мақсудзода дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ озодияшро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод. Вай танҳо гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва кӯшиш дорад дар рӯзҳои наздик дар ягон шифохонаи хусусӣ ба кораш идома бидиҳад.
Фарзон Муҳаммадӣ

Фаррух Мақсудзода бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ озод шуд
Блоки рекламавӣ


